Пурхатартарин сатҳи радиатсионии олам кашф шуд

Олимон ҷазираҳои Маршалро дорои болотарин сатҳи радиатсонӣ эълон карданд.  Ин хулоса аз таҳқиқоте ба миён омадааст, ки ахиран дар донишгоҳи Колумбияи ИМА анҷом гирифтааст. Таҳлилгарон гуфтаанд, ки ин стаҳи радиатсия ба ҳаёти инсон хтар эҷод мекунад. 

Муҳаққиқон аз Донишгоҳи Колумбияи ИМА ба ин хулоса омаданд, ки сатҳи радиатсия бар асари санҷиши силоҳи ядроӣ дар ҷазираҳои Маршал (Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал - як кишвари ҷазираӣ бо 181 километри мураббаъ дар уқёнуси Ором) ҳамоно ба ҳаёти инсонҳо таҳдид мекунад. Дар ин бора дар варақаи матбуотие сухан меравад, ки  Phys.org. интишор додааст.

Олимон намунаи хоки чаҳор атолл (атолл - обсанги ҳалқавӣ-маҷмуае аз обсангҳои марҷонӣ, ки ба сурати доира ё наъли асб маҷмуаҷазираҳоро дар баҳру уқёнусҳо ба  вуҷуд оварда, ботлоқи камумқеро дар миён гирифта бошад) аз 11 атоллро таҳқиқ кардаанд. Маълум шудааст, ки  сатҳи партави гамма то ҳадди зиёд фарқ мекунад. Баъзе санҷишҳо нишон додаанд, ки ғайриинтизор дар бахше аз ин манотиқ сатҳи хатар ба ҳаёти инсон хеле болост.

Чунончи, дар атолли Бикини меъёри партави гамма баробар ба 648 миллибэр (воҳиди андозагирӣ) мебошад, ин ҳам дар ҳолест, ки меъёр на бештар аз 100 миллибэр дар як сол бояд бошад. 

Ин гуна нишондодҳо ҳатто аз сатҳи радиатсия дар канораҳои Чернобил ва Фукусимаи Ҷопон баландтар аст.

барчасп: