Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ҷаласаи вилоятии ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи вилоятии Комиссияи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ таҳти роҳбарии А.Қурбонзода – ҷонишини Раиси вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа аъзои комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ширкат намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатарҳои эҳтимолии боришоти нимаи дуюми моҳи апрел ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Панҷ

Бар асоси Чорабиниҳои нақшавии КҲФ дар соли 2019 оид масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Панҷ тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарии хадамот, неруҳо воситаҳои мудофиаи

Ҷустуҷӯи раҳгумзада дар кӯҳ

Шахси раҳгумзада дар кӯҳистонро ҳангоми лағзишу тарма, рониши замин, сели азим ва заминларза чӣ гуна бояд ҷуст? Ин мавзуъе буд, ки кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон тамрин карданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон маҳорату малакаҳои

Страницы