Духтаре, ки аз ошёнаи шашум ба зер афтид, зинда монд
Чоп шуд: 28/08/2019 | redaktor
Дар Мексика як духтар аз баландии 25 метр ба замин афтод ва зинда монд. Бино ба иттилои Daily Mail ин духтари 25-сола дар балкони хонаи худ воқеъ дар ошёнаи шашум як равиши басо хатарноки йогаро иҷро мекард ва дар натиҷа аз боло сарозер шуд.
Духтарро таъҷилан дар бемористон бистарӣ карданд ва духтурон муддати 11 соат барои наҷоти ҷони вай талош карданд ва муваффақ шуданд.
Вале вазъи саломатии духтар вахим аст. Бар асари ин афтиш чанд ҷойи баданаш шикаставу сараш сахт зарб хӯрдааст.
Дар айни замон духтурон кафолати муолиҷаи пурраи ӯро надодаанд.