Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои муаззами миллат, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Сарвари давлат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд.
Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон ,узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.
Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш. Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд.
Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров боз фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Азия и Восток" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.
Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочи, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.
Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки 26.12.2019 ироа шуд, таъкид намуданд, ки ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”, зикр намуд сарвари давлат.
Исроил Иброҳимов