Бино ба иттилои хабаргузориҳо дар миёни кушташудагони ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон 12 тан шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Вазорати корҳои хориҷии Украина ахиран маълумоти тозаро дар бораи теъдоди ҳалокшудагон ва мансубияташон ба миллатҳову кишварҳои олам интишор дод. Дар он гуфта мешавад, ки дар миёни ҳалокшудагон 82 нафар эрониён буданд. 63 тани онҳо шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 нафар аз Шветсия, 4 нафар аз Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир буданд.
Дар миёни эрониён боз нуҳ нафар аз ҷумлаи муҳоҷирони афғонии муқими ин кишвар будаанд. Яке аз онҳо Маҳдии 21-сола будааст, ки дар Шветсия таҳсил мекардааст ва барои дидор бо хонаводааш ба Эрон рафта будааст. Аксари эрониёни ҳалокшуда донишҷӯёни ин кишвар дар донишгоҳҳои Украина будаанд, ки баъди анҷоми таътили зимистона дубора ба Украина сафар мекарданд.
Хурдсолтарин ҳалокшудагони ин Курдия Малонӣ ҳамагӣ як сол доштааст. Вай ҳамроҳ бо падару модараш кушта шудааст.
Увайсӣ Асал 6 сол доштааст, Эмомӣ Софӣ панҷсола буд, Раҳимӣ Ҷавон аз 3 сол беш надошт.
Як хонавода ҳамагӣ дар ин сонеҳа ба ҳалокат расиданд: Микоил Линдберги 40-сола бо ҳамсараш Роҳила, ки 37 сол дошт: фарзандонашон Эрик (нуҳсола) ва Эмил (ҳафтсола).
Оилаи Мусавиҳо: падар Пидром, модар ва ду фарзандашон, ки яке 14 сол дошту дуюмӣ 9 сол. Онҳо аз Теҳрон ба Эдмонтон баъди таътили зимистона бармегаштанд.
Фурӯғ Ҳодам 39-сола ва доктори илм буд. Рисолаи доктории ӯ ба дониши нав дар бораи лейшманиаз (бемории паразитӣ) кӯмак расонд.
Заҳро Нақбӣ дар донишгоҳи Виндзори Канада дар аспирантура таҳсил мекард. Вай шеваҳои рушди зироати кишоварзӣ дар шароити гармхонаҳоро таҳқиқ мекард.
Портали Flighradar24, ки ҳамеша дар сомонаи худ парвози ҳавопаймоҳо дар низоми вақти воқеъиро пӯшиш медиҳад, хабар дод, ки хатсайри 752, ки ба самти Киев равона буд, баъди парвозаш аз Теҳрон сарнагун шуд. Ин сомона гуфтааст, ки аслан ҳавопаймо соати 6:12 бо вақти маҳаллӣ (5:42 вақти Маскав) аз Бағдод парвоз карда буд ва мебоист 1 соати 50 дақиқа пас ба Киев фуруд меомад. Вале дар пойтахти Эрон ҳавопаймо “ба иллати техникӣ” қариб як соат нигоҳ дошта шуд.
Баъди ду дақиқаи парвоз иртибот бо Боинг ногаҳон қатъ шуд. Тибқи иттилои пешакӣ халабонҳо сигнали хатар нафиристоданд. Ин ҳавопаймои сарнагуншуда хеле нав буд ва тибқи маълумоти техникӣ соли 2016 сохта шуда буд. Ҷониби Украина гуфтааст, ки санҷиши нақшавии он ду рӯз пеш аз фоҷеа гузаронида шуда буд ва сабткунандаи маълумоти парвоз, ки корношоям шуда буд, иваз гардид.
Дар навори видеоӣ, ки хабаргузории эронии Tasnim паҳн кард, қисматҳои паҳну парешони ҳавопаймои сарнагуншуда дида мешавад. Дар ҷойи суқути Боинг 60 мошини сӯхторнишонӣ ва ду чархболи наҷот кор мекарданд. Наҷотдиҳандагони эронӣ гуфтанд, ки шиносоии ҷасадҳо хеле мушкил аст, чун баданҳо сӯхтаву баъзе пора шудаанд.
Вазири корҳои хориҷии Украина Вадим Пристайко хабар дод, ки ҳодисаи ҳавпайморо бо ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷаводи Зариф баррасӣ кардааст ва ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки дар як гурӯҳи муштарак иллатҳои ин сарнагуниро тафтиш кунанд. Ҳоло фарзияи ягона ва пешакӣ ин “иллати техникӣ” ва оташ гирифтани як муҳаррики ҳавопаймост.
Смафорати Украина дар Теҳрон дар аввалин вокуниш дар бораи иллати суқути ҳавопаймо онро “иллати техникӣ” ва оташ гирифтани муҳаррик донист. Вале баъдан ин баёнияро пок кард ва гуфт, ки изҳори назар дар бораи иллати сонеҳа пеш аз таҳқиқот аз сӯйи комиссияи таҳқиқ расмият надорад. Владимир Зелинский-президенти Украина низ гуфт, ки то замони омода шудани гузориши расмӣ бояд аз ҳар гуна гумонзаниҳо худдорӣ шавад.
То ин замон ширкатҳои ҳавопаймоии Air France, Lufthansa, Singapore Airlines, China Airlines, China Southern Airlines, Malaysia Airlines, Emirates, Flydubai, SCAT Air Astana парвозҳои худро дар фазои Эрон ва Ироқ боздоштаанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Air Canada, Srilankan Airlines, "Белавиа" самти ҳаракати худро тағйир додаанд. Чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ дар садади ё тағйири хати парвоз ва ё муваққатан боздоштани парвозҳои худ ба Халиҷи Форс мебошанд.
Аксҳо аз ВВС
ДАР БОРАИ САРНАГУНИИ ҲАВОПАЙМОИ УКРАИНӢ БОЗ ИН МАТОЛИБРО ҲАМ МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:
Ҷузъиёти сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. Касе зинда намонд
Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд
Барқияи тасаллият Пешвои миллат ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Украина Владимир Зеленский