Сел меояд. Чӣ бояд кард? Филми тасвирӣ
Чоп шуд: 19/04/2019 | adminСел офатест, ки бар асари боришоти шадид ногаҳон меояд. Мардум онро балои ногаҳонӣ меноманд, ки гӯё аз зери по хестааст. Ва ин “балои ногаҳонӣ” баъзан ба инсонҳо фурсат намедиҳад, ки худ ва амволашонро наҷот диҳанд. Аз аввали баҳор то кунун дар гӯшаву канори олам ва аз ҷумла дар Тоҷикистон даҳҳо ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шудааст, ки хисорати калони ҷониву молӣ ҳам доштаанд. Дар ҳамин сомонаи мо чандин хабари харобиҳои сел аз кишвар