Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.
Нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинг, ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт ба кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма сарозер мешавад ин ин ҷавони бистсоларо ба коми марг медиҳад.
Замоне, ки ӯро аз зери ғарами барф берун оварданд, зинда буд, вале ҳангоми интиқолаш ба бемористни ҷамоати деҳоти Ҳоит ба ҳалокат мерасад.
Ин аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 аст. Аз ин пештар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони ширкати IRS се корманди зери ғарами барф мондаи ин ширкатро бе ягон осеб берун оварда буданд.
Наҷоти се тан аз зери тарма. Вазъ дар роҳи Душанбе-Айнӣ пурташвиш боқӣ мондааст
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.