Ҷузъиёти сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. Касе зинда намонд

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймои Боинги ширкати ҳавопаймоии Украина, ки субҳи имрӯз дар Теҳрон сарнагун шуд, кушта шуданд. Дар ин бора Рейтер истинодан ба гузориши телевизиони Эрон хабар дод.  Ин ҳавопаймо фурсате баъд аз он ки аз замин боло шуд, сарнагун гардид. Намояндаи вазорати авиатсияи Эрон Ҷаъфарзода ба РИА Новости хабар додааст, ки дар ҳавопаймо 167 нафар сафар доштанд.

Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина низ чанд лаҳза пештар хабар дод, ки ҳавопаймо бо 168 мусофире, ки сабти ном шуда буданд, ба ҳаво хест. 9 нафари дигар хадамаи ҳавопаймо буданд. Ҳамаи ин афрод ба ҳалокат расиданд. 

 Президенти Украина Владимир Зеленский ба хонаводаҳои кушташудагони ин ҳодисаи нохӯш изҳори тасаллият кард. Вай ҳамчунин сафараш ба Умонро қатъ кард ва фаврӣ ба Киев бармегардад. Дар ин бора дар Фейсбук хадамоти матбуотии сарвари Украина хабар дод. 

Сафорати Украина дар Теҳрон хабар дод, ки барои муайян кардани ҳуввияти кушташудагон талош дорад. Намояндаи ин сафорат гуфтааст, ки ҳоло рӯйхати комили касоне, ки дар ин тайёра сафар мекарданд, дар ихтиёр нест, аммо сафорат талош дорад ин рӯйхатро дар наздиктарин фурсат ба даст орад.  
Дар ҳамин ҳол Эрон бо такзиби баъзе фарзияҳои исобати мушак ба ҳавопаймо расман эълон кард, ки сабаби сарнагун шудани он иллати техникӣ буд. Намояндаи созмони ҳавонавардии Эрон Қосим Низомӣ гуфтааст, ки ҳавопаймо бар асари оташ гирифтани муҳаррикаш суқут кард.  Вай ҳар гуна фарзияҳои исбобати мушак ба ҳавопайморо рад кард ва гуфт: “Агар фаразан мушаке ба он исобат мекард, ҳавопаймо дар ҳаво аз ҳам пош мехӯрд. Аммо сабаб оташ гирифтани муҳаррик ва идора карда натавонистани халабонҳо буд”.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР:

Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд https://www.khf.tj/node/1844 

барчасп: