Боришоти шадид дар қисмате аз Британияи Кабир садди бузургеро тахриб кардааст

Ба дунболи идомаи талошҳо барои пешгирӣ аз тахриби бештари садд дар шаҳри Дербишир воқеъ дар қалби Британияи Кабир созмони ҳавошиносии ин кишвар аз бориши боронҳои шадид ва эҳтимоли омадани сел ҳушдор додааст. Бо вуҷуди он ки мақомот барои наҷоти садд аз тахриб чораҳои зиёд андешидаанд, вале вайронии он дар сатҳи буҳронӣ қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои оташнишонӣ ҳар соат дар ҳоли хориҷ кардани 4 миллиону 200 ҳазор литр об аз махзани ин садд ҳастанд.

Наҷоти боз се ғарқшуда дар Сир

Боз се нафар баъд аз зуҳри рӯзи якуми август аз дарёи Сир берун оварда шуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд. Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.

Мусобиқаи мини-футбол бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мини- футбол бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин мусобиқа 8 тим аз воҳидҳои низомии Кумита воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд ва се тим ғолиб эълон гардиданд.  Дар бозии ниҳоӣ тими Дастгоҳи марказӣ бар тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби 4:1 пирӯз о мад ва соҳиби шоҳҷоиза гашт.  Ҷойи дуюм насиби тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шуд ва тими Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт ҷойи сеюмро ишғол намуд. 

Наҷотбахшон ва духтурони КҲФ соҳиби шаҳодатномаи дарси байналмилалӣ шуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд кишвараш дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Сарвари идораи наҷоти Тоҷикистон сатҳи волои омодагии мураббиёни Фаронса, ки таҷрибаи худро ба ҳамкасбони тоҷики худ омӯхтанд, ситоиш кард.

Боз чаҳор нафаре, ки ғарқ мешуданд, наҷот дода шуданд

Ин чаҳор нафар низ дар ҷойҳои мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд ва агар ғаввосони Кумита сари вақт хабар намеёфтанд, фоҷеа рух медод. Зарфи ҳафт моҳи соли равон дар обҳои ҷумҳурӣ 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ тӯли ин муддат ҷони 43 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот доданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ҷони чаҳор нафаре шуданд, ки дар дарёи Сир ғарқ мешуданд. Синни яке аз ин чаҳор нафар нав ба 14 мерасид.

Страницы