Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат

Баъд аз зуҳри дирӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз садамаи мудҳише хабар доданд, ки дар роҳи Душанбе-Кӯлоб рух дод ва боиси талафоти ҷонии одамон шуд. Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қарор аст:

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат дар таърихи 28-декабри соли 2019, тахминан соати 12:30 дақиқа ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, ки аз ҷониби сокини деҳаи Чашмасор, ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Изатов Шамшод Хушбахтович идора карда мешуд, дар 32-километраи роҳи мошингради Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар наздикии деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки онро сокини  57-солаи шаҳри Норак Саидов Амир Маҳмадёрович идора мекард, бархӯрд.

Тибқи ҳамин гузориш Амир Саидов аз Норак ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаркат буд. Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандагону мусофирони ҳарду мошин дар маҷмуъ 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Инҳо:

 Ронандаи 21-солаи мошини тамғаи “Опел- Астра” Шамшод Иззатов, ки зикраш дар боло рафт;  

2.Холова Сафаргул Шарифовна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Балчувон, ҷамоати деҳоти Сайф-Раҳим, деҳаи Дектур;

3.Холова Бибӣ Шарифовна, соли таваллуд 1964, сокини шаҳри Кӯлоб. ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Хуҷаистоқ;

4.Ҳотамҷони Миралӣ, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Қибчоқ;

5. Саидов Амир Маҳмадёрович, ронандаи мошини “Опел-Астpa”, сокини шаҳри Норак;

6.Маҳмадёров Гулмурод, соли таваллудаш 1950, сокини шаҳри Норак, деҳаи Абдуллоев;

7.Саидова Рӯзигул Абдуллоевна, соли таваллудаш 15.02.1962, сокини шаҳри Норак;

8.Гулмуродова Ҷумъагул соли таваллудаш 20.01.1955, сокини шаҳри Норак, деҳаи Абдуллосв.

Инчунин мусофири яке аз ин мошинҳо Маликмоҳ Маҷидоваи 32-сола, сокини деҳаи Гулони ноҳияи Восеъ ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар бемористони шаҳри Ваҳдат бистарӣ аст. 

Мақомоти дахлдор сабабҳои ин садамаро таҳқиқ мекунанд. Он чӣ то ҳол маълум аст, он мебошад, ки ронанда Шамшод Иззатов аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва аз саросемагӣ ба мошине, ки аз самти муқобил меомад, бархӯрдааст.

барчасп: