Дар шаҳри Душанбе маросими эътои ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 доир гардид, ки дар он яке аз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷасорат ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот мукофотонида шуд.
Дар ҷараёни маросим ҳамчунин гирандагони ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар адабиёт, санъат, журналистика, меъморӣ, барномарезии комютерӣ, техника, технология ва инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муайян карда шуданд.
Ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”, ҷоизаҳои озмуни “Донишҷӯи соли 2019”, озмуни ҷумҳуриявии “Навои донишҷӯ”, озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ”, Стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои дигар супурда шуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон А.Абдуллозода дар вазъи тантанавӣ ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”-ро ба наҷотдиҳандаи Раёсати махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ, лейтенанти хурд Фаррух Аҳмадзода, ки тобистони соли 2019 ҷасади кӯҳнаварди афтодаи хориҷиро аз ҷарӣ берун оварда буд, супурд.
Ҳамчунин, ин шараф насиби 10 нафар хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуд.