Дар остонаи Соли нави милодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳайати қатории қисмҳои ҳарбӣ, бонувони хизматчии ҳарбӣ, ҳамчунин хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат супурда хоҳанд шуд.
Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ бештар аз 800 сарбоз ва 200 бонуи хизматчии ҳарбӣ, кормандони Кумита та туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.
Ин туҳфаҳо асосан ширинворианд. Ҳамчунин барои сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил карда шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.