Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов

Муҳтарам аҳли фарҳанг!

Ҳозирини гиромӣ!

Ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди

Баҳси таҳкими ҳамкориҳои судманд ва танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

29 – уми марти соли равон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави кишвар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони ширкатҳои сайёҳие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, баргузор шуд.

Дар кишвар хавфи лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 20 ҳодисаи лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бори дигар аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ варзанд, ба маҳалҳое, ки хавфи лағзиши тарма таҳдид мекунад, куҳгардӣ накунанд, ба ғунучини алафу ҳезум нараванд.

Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд

Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулдодда ҳушдор медиҳад: Боришот метавонад сабабгори нохушиҳо шавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи оби канал шудани духтарчаи дусола ва беназоратии волидон изҳори нигаронӣ мекунад. Кумита ба ин назар аст, ки боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле

Страницы