Дар вилояти Хатлон фаъолияти яксолаи Раёсати КҲФ дар ин вилоят ҷамъбаст шуд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Шоҳиён ва ширкати ҷонишини Раиси Ҳукумати вилоят У.Зоҳирзода фаъолияти яксолаи Раёсат ҷамъбаст гардид.

Ҷаласаро ҷонишини Раиси КҲФ генрал-лейтенант Рустам Шоҳиён ифтитоҳ кард. Вай ба чанд томоили калидӣ дар соли сипаришаванда ишора намуд ва диққати ҳозиринро ба рӯйдодҳои муҳими сол ҷалб кард. 

Ҳисоботи сарварони шуъбаҳои Раёсат шунида шуданд. Онҳо асосан дар бораи рӯйдодҳои сол, теъдоди ҳодисаҳои фавқулода, шумори зарардидагон ва шахсони наҷотдодашуда ҳарф заданд. 

Дар поёни ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар соли 2019 муайян карда шуданд:

- ташкил ва гузаронидани корҳои пешгирӣ бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба ҳалокат ва захмӣ шудани одамон;

- ба роҳ мондани назорати иҷрои корҳои соҳилбандӣ;

- боло бурдани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсат.

барчасп: