Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад. Ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Чунонки шумо хабар доред, чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии давлати ба ном исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд.
Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.