Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи Раёсатҳои минтақавии он Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Мачлиси Олии кишвар бо иштироки кулли ҳайати шахсӣ шунида шуд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мустақиман аз Кохи Сомон ироа мешуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Пешвои миллат кори Ҳукумати кишварро дар 28 сол таҳлил намуданд ва аз ҷумла бунёди давлати ҳуқуқӣ дар ин солҳо, риояи Конститутсия ва қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва сиёсати минтақавӣ, рушди ислоҳоти бозорро қайд намуданд. Сарвари давлат ҳамчунин дар бораи муҳимтарин масъалаҳое, ки дар соли 2020 бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таваҷҷуҳ намоянд, зикр карданд.
Паёми Пешвои миллатро аҳли кормандон бо ихлосу хоҳиши баланд ва таваҷҷӯҳи хоса тамошо намуданд. Сарвари давлат, Пешвои миллат зимни ироаи паём қайд намуданд, ки Соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Зимни тамошои дастаҷамъона ҳозирин изҳор намуданд, ки Паём ин раҳнамоест, ки бояд ҳар нафар онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад. Онҳо афзуданд, ки Паёми Пешвои миллат минбаъд аз ҷониби мо ба таври зарурӣ омӯхта шуда, дар амалинамоии дастуру супоришҳои таъкидгардида, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Барои таъмини амният, тинҷиву осоиштагии кишвари азизамон ба Ватани азизамон содиқонаву софдилона хизмат хоҳем кард.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳамин гуна тамошои дастаҷамъонаи Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ низ баргузор шуд.