Бо мақсади тақвияти техникии воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили воситаҳои техникӣ баргузор гардид.
Манекенҳо барои расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ, дурбинҳо, андозагирҳо аз дур, ниқобҳои ҳифозатӣ, фонусҳои истифода ҳангоми ҳамлаҳои кимиёвӣ, борхалтаҳои махсус барои об, сонияченкунҳо, занбарҳо, дастпӯшҳо аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба воҳидҳои наҷоти Кумита супурда шуданд.
Ҳамаи воситаҳои техникии таҳвилшуда аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот истифода хоҳанд шуд.