Имзои Ёддошти тафоҳум бо Ташкилоти Каритаси Швейсария

30 декабри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни Кумита ва Ташкилоти Каритаси Швейсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳуҷҷатро Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Директори минтақавии Ташкилоти Каритас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шинан Н.Кассам имзо карданд.

Сарвари КҲФ дар суханронии худ зикр намуд, ки ин ҳуҷҷат идомаи мантиқии ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Ташкилоти Каритас оид ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии ниёзманди кишвар дар ҳоли ҳолатҳои фавқулода мебошад.

«Бидуни шак Ёддошти тафоҳуме, ки имзо шуд, имкон хоҳад дод амалҳои якҷояи мо дар корҳои пешгирикунанда ва тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ беҳтар шаванд ва ин қабл аз ҳама ба некуаҳволии халқ равона шудааст”,- гуфт ӯ.

Ҷаноби Шинан Н. Кассам низ дар навбати худ изҳори умед кард, ки Ёддошти тафоҳум он имконеро фароҳам хоҳад овард, ки ҳамкориҳо рушд ёбанд ва дар кори пешгирӣ аз офатҳо, коҳиши хатар ва бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ мусоидат кунанд.

барчасп: