Фаъолияти яксолаи РЕАКТ дар ВМКБ ҷамъбаст шуд

30 декабри соли 2019 таҳти роҳбарии сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ подполковник Н.Мираков дар шаҳри Хоруғ бо ширкати ҷонишини Раиси Ҳукумати ВМКБ Умедҷон Носирзода ва дастгирии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи вокуниши сареъ ва ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) дар соли 2019 баргузор шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазоратҳо, идораҳо, созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, ширкат намуданд.

«Роҳандозии ин гуна корҳои муштарак ва омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулода, вуҷуди механизмҳои возеҳи вокуниш ва ҳамкориҳои байни идораҳоро фароҳам меорад",- гуфт зимни суханронии худ Умедҷон Носирзода.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласа дар бораи консепсияи кори гурӯҳи РЕАКТ дар соли 2019 ва нақшаҳо дар ояндаи наздик, шеваҳои ҳамкориҳои муштарк маълумот дода шуд.

Подполковник М.Мираков дар суханронии худ ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ барои кумакҳо ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ки соли 2019 дар қаламрави вилоят рух доданд, изҳори сипос намуд ва ширкаткунандагонро бо вазъ дар иртибот бо ҳолоти фавқулода дар соли сипаришаванда шинос намуд.

 

барчасп: