Муҳтарам корбарони сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дӯстони азиз!

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК

Роҳбарият, ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона ба муносибати фарорасии соли Нави милодии 2020 муборакбод мекунад!

Бигзор он бароятон як соли комилан бехтар бошад! Саломатӣ, хушбахтӣ, саодати ҳамешагӣ насиби Шумо ё наздикону пайвандони Шумо бод!

Бигзор ҳама чизҳои неки соли гузашта, ки шуморо хурсанд карда буд, идома пайдо кунад ва заминаи хубу шоистае барои пирӯзиҳо дар набардҳои сол бароятон фароҳам биёварад.

Орзу мекунем, ки дар ин рӯзҳои нишотбахш Шумо дар иҳотаи наздиконатон, дӯстонатон бошед ва гармии хонадонатон тамоми солу абадан ҳифз шавад! Аз ҳамаи мусибатҳои эҳтимолӣ дар амон бошед!

Бигзор дар Соли Нав ҳама орузуҳои неки Шумо ҷомаи амал пӯшанд ва нокомиҳо дар соли куҳан бимонанд!

Ба Шумо ва наздикону пайвандонатон хушбахтӣ ва саломатӣ таманно дорем!!!

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК!!!

барчасп: