Ҳушдори дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9-уми январи соли 2020 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст.  Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Тақвими рӯз: 70 сол пеш дар чунин рӯзе

Ин ҳам як саҳфаи таърихи башар аст. Сарнагунии ҳавопаймо дар шаҳри Свердловски Русия. 70 сол қабл дар чунин рӯзе ҳавпаймои Ли-2 дар наздикии фурудгоҳи Колсовой, дар канораҳои шаҳри Свердловск сарнагун шуд. Ли-2 тайёраи ҳарбӣ ва мансуб ба неруҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ба ҳалокат расид

Тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Дирӯз як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз Ёвон ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Заминларза дар Мексика ва Курил

Дар Мексика замин бо қувваи 5,5 балл такон хӯрд.   Мутахассисон гуфтаанд, ки ин заминларза умқи 10 километр дар масофаи 266 км аз Баубауро ларзонд.  Дар ҳамин ҳол аз заминларзаи дигар дар уқёнуси Ором хабар дода мешавад, ки қувваи он 4,9 балл будааст.

Бино ба иттилои расонашуда заминларзаи уқёнуси Ором дар наздикиҳои ҷазираҳои Курил, дар бахши сахалинии хадамоти...

Саҳифае аз таърих: Саду шасту ҳашт сол пеш дар чунин рӯзе...

168 сол пеш, дар чунин рӯзе фоҷеае рух дод, ки одамони зиёд талаф шуданд. Калонтарин киштии бухории чархии олам дар миёни оби уқёнус оташ гирифт. Аз 162 мусофири “Амазонка” танҳо 58 нафар зинда монданд, аз инҳо 11 нафар ақли худро бар асари даҳшате, ки дар сӯхтор диданд, аз даст доданд, девона шуданд.

Киштии «Амазонка» аз назари расонаҳои британиёӣ

Страницы