Ҳамватанони гиромӣ!
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ! Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус, 250 ҳазор кӯдаконеро, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштанд, самимона табрик мегӯям.
Мулоқоти имрӯзаи мо ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор мегардад.
Мактаби мазкур аз чор ошёна ва 75 синфхона иборат буда, 3500 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ҳамчунин, ба омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла мактаби имрӯз ифтитоҳгардида таъкид месозам, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.
Зеро онҳо сокинони пойтахти мамлакат мебошанд ва пойтахт на фақат маркази маъмурӣ, балки ойинаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мост.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар зарфи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи маорифи мамлакат мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонандагон мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахти мамлакат бамаротиб беҳтар гардонанд.
Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор нафар хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдак босуръат идома дорад.
Ин рақамҳо барои роҳбарони вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бояд намунаи ибрат бошанд, омӯзанд, дар ин самт корро мисли пойтахти мамлакат ҷиддӣ ташкил кунанд.
Хотирнишон менамоям, ки ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии мамлакат ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.
Ҳамватанони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад.
Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад.
Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Вале тавре ки мушоҳида мегардад, вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.
Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.
Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд.
Дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.
Ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.
Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд.
Дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад.
Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад.
Наврасону ҷавонони мо бояд донанд, ки беш аз 150 ҳазор ҳалокшудагон, 55 ҳазор кӯдакони ятиммонда, қариб якуним миллион гурезаҳои иҷборӣ, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоии сӯхтаву харобгардида, тарки ватан кардани садҳо ҳазор мутахассисон, олимону донишмандон, аз ҷумла омӯзгорони соҳибтаҷриба натиҷаҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд.
Инчунин, садҳо миллиард сомонӣ ҳисороти моддӣ ва даҳшатноктар аз ҳама, зарбаи ҷонкоҳи маънавӣ ба рӯҳу равони мардуми мамлакат зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки аз ноогоҳии сиёсии мардум ва суйистифода аз зиёдаравӣ дар дину эътиқод ба сари давлати ҷавони тоҷикон омада буд.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротишавии ҷомеа мубориза барем.
Маҳз ба ҳамин хотир мо се қонуни миллӣ – дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро қабул кардем, ки мардумамонро аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем, то онҳо дигарбора ба доми фиреби хоинони Ватану миллат гирифтор нашаванд.
Бинобар ин, метавон гуфт, ки қонунҳои зикршуда на фақат ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ, балки аҳаммияти сиёсиву амниятӣ низ доранд.
Зеро онҳо, пеш аз ҳама, ба ҳимояи манфиатҳои мардуми камбизоат равона гардида, василаи муҳимми таъмин намудани амнияти давлат ва оромии ҷомеа мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид.
Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид.
Мо хуб дарк мекунем, ки маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои як миллиону 600 ҳазор хонанда анҷом дода шуд.
Дар натиҷа қисми зиёди мактабҳои аз замони гузашта боқимонда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ гардонида, ба мактабҳои замонавӣ табдил дода шуданд, мактабҳои навбунёд бо беҳтарин шароиту имкониятҳо таъмин гардиданд ва ин кор ҳоло бомаром пеш рафта истодааст.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда бомаром ҷараён дорад, ки то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Матни комили суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ин ҷост: СУХАНРОНӢ ДАР РӮЗИ ДОНИШ