Наҷотдиҳандагон бори дигар тавзеҳоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуниданд

26 январи соли 2024 дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита бо мақсади омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид, чорабинӣ доир гардид,

Браргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ)

26 январи соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва иштироки як қатор намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи стратегии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.

Барфу борону боди шадид. Кай ва дар куҷо?

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии мамлакат рӯзҳои 26-29 январи соли 2024 боридани барфу борон, вазиши боди шадид дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва туман...

Донишомӯзони хурдсол аз Раёсати КҲФ дар Хатлон дидан карданд

Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд. 

Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд. 

Ду хабари рӯзи гузаштаи Имдодагрон ҳамеша омода хидматанд

Кормандони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта як дари бастаро боз карданд ва аз як таҳхонаи оби ҷамъшударо берун кашиданд.

Соати 22:29 дақиқаи рӯзи гузашта ба Қисми навбатдории Кумита аз як бону, сокини кӯчаи Бухоро, хонаи 50 занг зад, ки...

Страницы