26 январи соли 2024 дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита бо мақсади омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид, чорабинӣ доир гардид, ки дар он мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сайнозимзода Фирӯз иштирок намуд.
Сайнозимзода Ф. иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқиест, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат нақши бағоят бузург дорад.
Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонону занон, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки дар заминаи Паёми Президенти ҶТ аз 1 январи соли ҷорӣ музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардид, ки дар баланд шудани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.
Дар фарҷом қайд шуд, ки ҳамаи мо хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзем ва баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти онҳо саҳмгузор бошем.