Донишомӯзони хурдсол аз Раёсати КҲФ дар Хатлон дидан карданд
Чоп шуд: 19/01/2024 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/photo_2024-01-19_10-55-16.jpg?itok=AHtt2BFo)
Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд.
Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд.