Дасрҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ барои муаллимони синфҳои ибтидоии макотиби шаҳр Душанбе
Чоп шуд: 15/01/2024 | redaktorДар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо омӯзгорони синфҳои 2-юми муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин машғулиятхо 23 нафар муаллимон иштирок карданд.