Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо омӯзгорони синфҳои 2-юми муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин машғулиятхо 23 нафар муаллимон иштирок карданд.
Тибқи нақша ин омӯзишҳо дар 4 давра гузаронида мешаванд, ки ин имкон медиҳад шумораи бештари муаллимони мактабҳои пойтахт ҷалб шаванд.
Дар рафти дарсҳои омӯзишӣ ба шунавандаҳо моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаҳмонида шуда, инчунин оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таълимӣ маълумот дода шуд.
Инчунин, кормандони Раёсат ба омӯзгорон оид ба амалҳои ҳадафноку санҷидашуда дар ҳолатҳои фавқулода нақл карданд, зеро аз бисёр ҷиҳат эвакуатсияи бомуваффақияти кӯдакону кормандон аз бинои мактаб маҳз ба амалҳои фавриву ҳадафнок вобаста мебошад.
Кормандони КҲФ ба зарурати риояи талаботи бехатарӣ ва чораҳои пешгирикунанда таваҷҷуҳ намуда, инчунин бо омӯзгорон алгоритми амалҳои эвакуатсия аз маҳали таъсири омилҳои фавқулоддаи хатарнокро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми курс кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рақамҳои телефонҳои заруриро хотиррасон карданд ва ба ҳама суолҳои ширкаткунандагони омӯзиш посух доданд.