КҲФ: Ҳавои номусоид то 4-уми феврал боқӣ мемонад. Чанд тавсия ба сокинон
Чоп шуд: 29/01/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад.