Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад.
Бар асари коҳиши ҳарорати шабонаи ҳаво аз 31-январ то 2-уми феврали соли 2024 дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандиҳо дар назар аст.
Рӯзҳои 29-30 январ бар асари боришоти зиёд эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 30-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма таҳдид мекунанд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест.
Сокинони минтақаро лозим меояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.
Бачаҳои худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат кунанд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд сураъати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набараанд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.
КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!