Туман дар рӯзҳои оянда. Чӣ бояд кард? Чанд тавсия аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 30/01/2024 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/tuman_2.jpg?itok=I3Bh0nez)
Ҳамчуноне қаблан ҳам иттилоъ дода будем, бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад. Ба истиснои қаламрави ВМКБ аз 31 январ то 2 феврали соли равон дар аксар ноҳияҳои мамлакат туман пешбинӣ шудааст.