Туман дар рӯзҳои оянда. Чӣ бояд кард? Чанд тавсия аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳамчуноне қаблан ҳам иттилоъ дода будем,  бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад. Ба истиснои қаламрави ВМКБ  аз 31 январ то 2 феврали соли равон дар аксар ноҳияҳои мамлакат туман пешбинӣ шудааст.

Туман як падидаи ҳавошиносӣ буда, асосан аз қатраҳои хеле хурди об дар ҳаво дар ҳарорати болотар аз -10°С – қатраҳои об, аз –10 то –15°С – омехтаи қатраҳои об ва кристаллҳои ях, ки зери нурҳои офтоб ва ё равшании моҳу чароғҳо медурахшад,  иборат мебошад.

Бино ба шарҳи истилоҳ ва таърифе, ки то кунун ироа шудааст, туман ин қатраҳои хеле хурди об ва қирав ё яхчаҳо (барф) дар газ аст, ки шаффофияти онро коҳиш  медиҳад”.

Туман бештар дар фаслҳои баҳор ва зимистон мушоҳида мешавад. 

ТАВСИЯҲО:

Одамони солхӯрда, кӯдакону наврасон бояд дар чунин ҳаво худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои лозимаро барои эҳтиёт бо худ дошта бошанд. Дар ҳоли бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд. 

Бояд ба миқдори зиёд об нӯшид. Ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва аз ин миқдор ақалан 0,5 литри он оби минералӣ бошад.

Дар тӯли рӯз ҳарчи бештар бояд бо оби сарду форам оббозӣ кард, душ кард (5-20 дақиқа зери оби душ будан манфиат дорад). Ин амал боиси рафъи хастагиву беҳолӣ мешавад. 

То имкон доред аз ҳавополоҳое истифода кунед, ки полоишгари муосир доранд.

Аз 2 то 3 истакон нӯшидани чойи кабуд дар як рӯз муфид аст.

То ҳадди имкон тирезаҳоро баста нигоҳ доред. Агар шумо ба ҳар ҳол ба қароре омадед, ки ҳавои хонаро тоза кунед, пас бояд ҳатман бидонед, ки бадтарин вақти тоза кардани ҳавои хона ин субҳи бармаҳал аст, вақтест, ки ҳама омехтаҳои хатарнок ба қабати рӯизамини мутамарказ мешавад. То нисфирӯзӣ дамо гарм мешавад ва ин омехтаҳо зери таъсири ҷараёнҳои болораванда боло меравад.  Метавонед ба тирезаҳои бози хона дока ё тӯр кашед.

Талош кунед зиёд кори ҷисмонӣ анҷом надиҳед. Ҳар кори иловаи ҷисмонӣ нафаскашии шуморо душвор мекунад ва ин ба саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин гуна рӯзҳо духтурон тавсия намедиҳанд, ки шумо аз ҳар гуна линзҳои тамос истифода кунед. Илова бар ин агар чашмонатон бар асари ин чангхок осеб бинанд ва душворӣ пеш оранд, шумо метавонед онҳоро бо доруҳо, аз ҷумла ашкҳои сунъӣ ё табиӣ бишӯед. 

БА ПИЁДАГАРДОН:

Барои гурез аз ҳар гуна зарбу лат ҳангоми яхбандӣ ва тирагии ҳаво бояд:

- оҳиста равед, ҳаргиз саросема нашавед, то баногаҳ налағжед. Вақте агар ҳисс кардед, ки меафтед, дар ҷойи худ биншинед, то аз зарби афтиш аз ҷойи баланд худро ҳифз кунед.

- барои дар роҳҳои барфиву яхӣ ҳаракат карданд, ҳамтман пойафзоле пӯшед, ки налағжонад.

- ҳангоми аз чорроҳаҳо гузаштан  ҳаргиз саросема нашавед, бахусус агар ҳаво туману торик бошад. Ҳамеша ба зер нигоҳ кунед, мабодо, ки пой болои ях нагузоред.

Хеле эҳтиёткор бошед!

Агар ҳодисаи фавқулодае сар зад, метавонед ба телефони наҷоти 112 ва ё қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоед.

барчасп: