Сел дар ноҳияи Панҷ. Талафоти ҷонӣ нест

29 январи соли 2024 тахминан соати 01:40 шаб бар асари боронҳои шадид сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат”, Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ворид шуда, қисман зарар расондааст.  Аз ҷумла:дар ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат” сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор аз селроҳаи Шураксой сел омада, ба 10 хонаи истиқоматӣ ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Отчопар сатҳи канали Келенчи-2 баланд гардида, оби канал ба 2 хонаи истиқоматӣ ва маҳаллаи  Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст.

 Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад.

Ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.  

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 4-уми феврали соли равон дар саросари кишвар ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳову лағзиши тарма ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад. 

Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои аз сафарҳои безарурат ба маконҳои дигар, рафтан ба домакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ ба соҳили рӯду каналҳо ва чорвочаронӣ дар дашту биёбонҳо худдорӣ кунанд.  

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯву каналҳои маҳалли зисти худро аз ҳар гуна селовардаҳову сангу рег тоза кунанд.  

барчасп: