Барфу борону боди шадид. Кай ва дар куҷо?

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии мамлакат рӯзҳои 26-29 январи соли 2024 боридани барфу борон, вазиши боди шадид дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва туман вуҷуд дорад.

Чунонӣ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад, дар баъзе минтақаҳо борон меборад, рӯзҳои 26 ва 29 январ дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳи барфу борон меборад. Рӯзи 27 январ дар водиҳо бориш қатъ мешавад, аммо дар баъзе навоҳии кӯҳӣ он идома мекунад.

Шамол бо шиддати 5-10 м/с мевазад, аммо рӯзҳои 27-28 январ дар навоҳии ҷудогона шиддати бод то ба 15-20 м/с хоҳад расид.

Дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст, дар водиҳо борон меборад, 27 январ дар аксар навоҳии ин минтақа бориш қатъ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шудааст. Шамол бо суръати 4-9 м/с мевазад, аммо рӯзҳои 27-28 январ дар баъзе навоҳӣ суръати он то ба 10-15 м/с хоҳад расид.

Ҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаро дар қаламрави ВМКБ низ пешгӯӣ мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои ин вилоят низ борону барф меборад, танҳо рӯзи 27 январ дар шарқи вилоят бориш намешавад. Шамол ба  суръати 7-12 метр дар як сония мевазад.

Борону барфи пуршиддат метавонад сабаби рух додани ҳодисаҳои зерини фавқулода гардад: лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ғайра. КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад ба хатҳои интиқоли қувваи барқ ​​осеб расонад, дарахтонро шиканад ва афтонад, боми хонаҳо осеб бинанд. Аз рӯ, ҳангоми гузар аз роҳҳо талош кунед аз зери дарахтон нагузаред, ҳамчунин аз сутунҳои сустниҳоди рекломҳо эҳтиёт кунед.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Ҳамчунин бо эҳтиром хоҳиш мешавад дар чунин рӯзҳо сокинон аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. 

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба рақами 112 ва ё телефони қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 барои кумак муроҷиат кунанд.

барчасп: