Наврӯз дар Хатлон

20-марти соли 2025 дар Раёсат бо  иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷашни иди “Наврӯз” таҷлил карда шуд. Аз тарафи ҳайати шахсии  шуъбаҳо,  марказҳо ва бахшҳои  дастгоҳи марказӣ ва сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ, оростани хони наврузӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани хуроку таомҳои миллӣ, хуришу шириниҳо омода карда шуда, ба марази иштирокчиён гузошта шуд.

ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗИ АҶАМ ДАР ҲАЛҚАИ САРБОЗОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз санаи 20-уми март дар қисми ҳарбии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд. 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 24-27-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  аз 24 то 27 марти соли 2025 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. Аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо боридани борон ва аз 24 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Раёсатҳои КҲФ дар ВМКБ ва шаҳри Душанбе

Ба муносибати Наврӯзи Байналмилалӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷашни тантанавӣ баргузор шуд.

Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои театрӣ ва мусиқӣ, ки  рангорангии минтақа ва вижагиҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунад, оғоз ёфт.

Страницы