Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз санаи 20-уми март дар қисми ҳарбии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд.
Саҳни қисми ҳарбӣ аз субҳи барвақт бо шиору овезаҳои идона, гулдӯзиву зардевориҳо ва дастархони «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» оро дода шуда, афсарону сарбозон бо тайёр кардани таомҳои миллии наврӯзӣ ба оғози чорабинӣ ва истиқболи меҳмонон омодагии ҷиддӣ гирифта буданд.
Дар чорабинии идона муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва шароити буду боши афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дидан карданд.
Муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода зимни суханронии хеш ҳайати шахсии қисми ҳарбиро ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, барояшон хизмати софдилонаву содиқонаро дар осмони софу беғубори Ватани маҳбубамон таманно кард.
Командири қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фазлиддин Назарзода низ зимни суханронии хеш афсарону сарбозони қисми ҳарбиро аз номи роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, аз ҳамкориҳои тарафайну судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо қисми ҳарбӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабиниро бошад, ҳофизи умедбахшу шинохта Зафарҷон Худойдодов бо суруду таронаҳои марғуб хотирмон сохта, ба афсарону сарбозон фараҳу шодӣ бахшид.