Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 24-27-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  аз 24 то 27 марти соли 2025 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. Аз 27 то 29 марти соли 2025 дар водиҳо боридани борон ва аз 24 то 27 март дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Рӯзҳои 24-25-уми марта дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон боридани жола дар назар аст. Рӯзи 25-2ми март дамои рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин мешавад.  

Рӯзҳои 24-27-уми март дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Суғд ва Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бар асари боришот омадани сел пешгӯӣ мешавад.

Аз 21 то 27 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрии 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лағзиши тарма пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз ҷамъоварии гиёҳҳои дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ рӯида, ғунучини ҳезум, рафтан ба шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои пешгирии оқибатҳои омадани сел тавсия медиҳад, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу регу санг тоза кунанд.

Комита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву кӯҳгардӣ тавсия медиҳад, ки  ки ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.  

барчасп: