Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Раёсатҳои КҲФ дар ВМКБ ва шаҳри Душанбе

Ба муносибати Наврӯзи Байналмилалӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷашни тантанавӣ баргузор шуд.

Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои театрӣ ва мусиқӣ, ки  рангорангии минтақа ва вижагиҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунад, оғоз ёфт.

Лаззати нотакрори қисми намоишии ҷашниро дастурхонҳои ба таври анъанавӣ орододашуда бо нозу неъматҳо ва таомҳои миллӣ ва атрибутҳои маросимии Наврӯз бахшиданд.

Раҳбарияти Раёсат ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфтанд. Зимнан зикр гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ба мардуми тоҷик имкони таърихӣ дода шуд, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шакли нави муосир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд.

Дар ин рӯзҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Кумита ва қисмҳои низомӣ таҷлили Наврӯз ҷараён дорад.

 Аз ҷумла, рӯзи 20-уми март чунин як ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ин ҷашни пуршукуҳи нигон дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе низ баргузор шуд.

Ширкаткунандагон аз он изҳори сипос карданд, ки тавассути ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯ ҷаҳонӣ шуд ва имрӯз ин ҷашни миллии мо дар саросари олам таҷлил мешавад.

барчасп: