Ҳалокати як духтари 11-сола дар Нуробод. Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар
Чоп шуд: 28/05/2024 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/nurabad-2.jpg?itok=IzFJCJsT)
Корҳои рафъи паёмадҳои селҳо дар гӯшаву канори кишвар идома доранд. Шабонарӯзи гузашта ҳамчунин як фоҷеа, ғарқи об шудани духтари 11-сола низ сабт шуд.
27 майи соли 2024 тахминан соати 7:30 субҳ як духтари 11-сола аз деҳаи Сиёгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми убур аз дарёи Таги Камал дар об ғарқ шудааст.