Бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ аз жола тайи 24 соати охир аз ҷониби Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шуд.
Чунончӣ, кормандони КҲФ бо истифода аз 105 адад мушаки зидди жолаи навъи «Алазан» дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён ва Ҷ.Балхӣ 28 ҳолати хатарнокро бартараф карданд.
Ин имкон дод, ки даҳҳо гектар заминҳои кишти кишоварзӣ аз хатари нобудь ва зарар наҷот дода шаванд.