Корҳои рафъи паёмадҳои селҳо дар гӯшаву канори кишвар идома доранд. Шабонарӯзи гузашта ҳамчунин як фоҷеа, ғарқи об шудани духтари 11-сола низ сабт шуд.
27 майи соли 2024 тахминан соати 7:30 субҳ як духтари 11-сола аз деҳаи Сиёгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми убур аз дарёи Таги Камал дар об ғарқ шудааст.
Соати 08:30 дақиқа ҷасади ин духтари ноболиғ 500 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурда шуд
Нуробод
27 майи соли равон дар километри 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ идома дошт. Бо истифода аз 4 адад техникаи муҳандисӣ 35 метр роҳ аз селоварадаҳо тоза карда шуд.
Бо мақсади пешгирӣ аз харобии пули деҳаи Яхак бо истифода 3 техникаи муҳандисӣ ва ҷалби 45 нафар масофаи 15 метр ва 3 метр баландӣ ин пул бо кубикҳои оҳаннубетонӣ мустаҳкам карда шуд.
Ба 20 зарардидаи деҳаи Яхак маводи ғизоӣ, аз ҷумла ба ҳар кадом 50 кило орд, 25 кило пиёз, 35 кило картошка, 15 кило макарон ва 5 литр равған кумак расонда шуд. Ин кумакҳо аз ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш ба мардум расонда шуданд.
Аз ҳисоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниёзмандон, касоне, ки хонаҳояшонро сел вайрон кард, 16 хайма ҷудо карда шуд.
Корҳои таъмиру тармим ва поксозии роҳҳо дар ин самт идома доранд.
Сангвор
Рӯзҳои 24-26 майи соли 2024 дар километрҳои 1, 5, 6, 8, 14, 21, 39, 43 ва 52 роҳи мошингарди Лаби Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор ва километрҳои 1, 2, 3, 7, 16, 19, 21 ва 22 роҳи мошингарди ҷумҳуриявӣ бар асари боронҳои пуршиддат сел ва резиши сангу шағал роҳро баст.
Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ кормандони хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шуданд ва онҳо бо истифода аз 2 техникаи муҳандисӣ роҳро тоза карданд.
28 майи дар ин роҳ ҳаракати мошинҳо имконпазир шуд.