Рӯзи гузашта дар қаламрави кишвари мо ҳодисаи фавқулодаи табиву техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Бо вуҷуди ин, воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯз омодаи ёрӣ ба сокинонанд.
Рӯзи 25 октябри соли 2020, соати 22:20 ба қисми навбатдории КҲФ хабар омад, ки дар як бинои бисёрқабата, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон - 65, соҳибхоназан ба сабаби баста шудани дари хона ба манзилаш наметавонад ворид шавад ва тифлони хурдсолаш даруни хона мондаанду ҳар лаҳза сар задани ҳодисае имкон дорад.
Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба қароре омаданд, ки дар ин ҳолат коре бояд кард, ки кӯдакон ба тарсу ҳарос наафтанд ва ба хона аз тиреза ворид шуданд ва аз дохил дарро боз карданд. Ҳолати руҳиву саломатии тифлон хуб буд ва онҳо ба ёрии тиббӣ ҳеч ниёзе надоштанд. Имдодгарон бо волидон ҳамсуҳбат шуданд ва ба онҳо фаҳмонданд, ки минбаъд бояд эҳтиёткор бошанд, аввалан тифлонро танҳо беназорат нагузоранд ва баъдан бе калид башитоб аз хона набароянд.
Занги дуввум соати 23:05 ба вақти маҳаллӣ аз як шаҳрванд, ки дар кӯчаи Фирдавсӣ 109 зиндагӣ мекунад, расид. Ӯ низ хабар дод, ки дари оҳании хонааш баста шудаву наметавогнад ворид шавад.
Имдодгарон ба ёрии ӯ шитофтанд ва боз ҳам аз тариқи тиреза ворид шудаву дарро бе осеб боз карданд.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН