Марги як пиразани танҳо дар Душанбе

Шаҳрванди 83-сола дар дохили хонаи истиқоматии худ фавтидаст. Ҳамсоягоне, ки ӯро ҳамеша медиданд, муддате аз нопадид шуданаш ба ташвиш омаданд. Дарро мезаданду зангашро ба садо дармеоварданд. Вале посухе шунида намешуд.

Ҳамсояи ӯ Оксана Савина зуҳри рӯзи 27-уми июн ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод. Вай гуфт дари ҳамсоя баста шудаву наметавонанд ба он ворид шуд. 

Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ гурӯҳи  махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 13:35 дақиқа дари хонаро боз карданд. 

Маълум гардид, ки пиразани танҳо бо сабабҳои номаълум дар дохили манзилаш фавтидааст. Ҷасади ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтишу санҷиши сабаби марги мраҳум супурданд.


ХАБАРҲОИ ДИГАРРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД:


барчасп: