Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе боз ду дари бастаро боз карданд ва соҳибони ин ду манзилро аз мушкил раҳо намуданд. Рӯзи 12 июли соли равон, нимишабӣ, соати 23:54 аз маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Кумита ба Раёсат дар бораи мушкили сокини кӯчаи Низомии Ганҷавии пойтахт хабар доданд, ки дари хонааш баста шудаву ӯ наметавонад ба он ворид гардад. Ин манзил дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир шуда буд ва мебоист бидуни шӯру ғавғо ва халал расондан ба истироҳати ҳамсоягон дарро боз мекарданд.
Дастаи зудамали Раёсат дар ҳайати 5 нафар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва соати 01:20 дақиқа дарро бо истифода аз таҷҳизоти махсус боз карданд. Даруни хона касе набуд, соҳибаш, ки беруни дар монда буд, ба он ворид гардид.
Ва боз ҳам нимишабӣ, соати 01:22 дақиқаи рӯзи 13 июл Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дари хонаи истиқоматии сокини кўчаи Айнӣ 361 ошёнаи 6, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баста шудааст.
Р. Неъматзода, сардори Раёсат,
полковник