Паси дарҳои баста баъзан фоҷеаҳои инсонӣ ниҳонанд. Ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳое аз дарҳои ногаҳон басташудаи оҳанӣ мерасанд, ки сокинон наметавонанд онҳоро ба осонӣ боз кунанд. Ва ёрӣ мехоҳанд. Имдодгарон ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд ва дарҳои бастаро боз мекунанд. Аммо на ҳамеша чунин аст, ки дарро ба хотири он боз мекунанд, ки соҳибонаш ворид шаванд. Баъзан дар боз мекунанд ва фоҷеаи инсониро ҳам ба чашм мебинанд. Ва ин гуна ҳодисаҳо тӯли ин чанд соли охир зиёд иттифоқ афтодаанд.
Ду рӯз пеш ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дари хонаи пиразани 69-сола маҳкам шуда. Сокинон аз танҳоии пиразани рус дар ташвиш шудаанд ва ҳарчанд мехостанд соҳиби хона дарро боз кунад, вале садое аз вай шунида намешуд. Онҳо гумон карданд пиразан шояд бемор шудааст.
Дастаи зудамал фавран ба суроғаи кӯчаи Деҳотӣ 58 ҳозир шуд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.
Аммо пиразани танҳоро дар хонаи худ, болои кати хобаш мурда ёфтанд. Иллати марги ӯ маълум нест. Ҷасадро барои таҳлилу ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
О. Фахриддинзода