Сокини 83-солаи пойтахт ба кадом иллате дар манзили истиқоматии худ фавтидааст, вале ҳамсоягон гумон кардаанд, ки дари ӯ баста шудаву пиразан наметавонад аз хона берун шавад. Як занги телефонӣ ба қисми навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро рушан кард.
Баъди дарёфти хабари фаврӣ гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 14:17 дақиқа дари хонаро кушоданд.
Муайян гардид, ки шаҳрванд бо сабабҳои номаълум дар дохили хонаи истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро аз хона берун овраданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Сабаби марг таҳқиқ мешавад. Алҳол маълум нест, ки ин пиразан танҳо мезист ва аҳли хонаводааш бо ӯ буданду алҳол ҷое рафта.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои мушкил солмандонро танҳо нагузоред.
Пирон ҳамеша ба ғамхорӣ ниёз доранд, бо онҳо бошед. Бо онҳо будан ва ҳозир ба ҳар ёриву кумак будан қарзи инсониву фарзандии шумост!
Ҳамчунин рӯзе қабл дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе духтари 22-соларо, ки аз пул ба зер афтода буд, наҷот доданд. Ин ҳодиса дар зери пули қасабаи 103 шаҳри Душанбе рух дода буд.
Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ин духтар қариб аз ҳуш рафта буд. То омадани мошини Ёрии таъҷилӣ имдодгарон кумаки аввали тиббӣ расонданд ва духтар ба ҳуш омад.
Сабаби ин ҳодиса, ки қариб буд ба марги бонуи 22-сола оварда расонад, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд. Ӯ мехост ба хотири кутоҳ кардани масофа аз болои девораи ҳимоявӣ гузарад.