Activities calendar

19 майи 2020

Поккориҳои Раёсати Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 18 – уми майи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати шаҳри Душанбе иборат аз 13 нафар бо 2 адад автомашина, 10 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ, 3 адад дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шудаанд.

Поккориҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Суғд. Ширкати фаъоли Раёсати КҲФ дар вилоят

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ  пурзӯр гардида,  ҷамъи қувваю василаҳо барои  тамоман аз байн бурдани ин вабои аср сафарбар мешавад. 

Ин навбат корҳои безарагардонӣ бо ҷалби як қатор...