Вусъати корҳои поксозӣ дар шаҳри Исфара
Чоп шуд: 04/05/2020 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/1_65.jpg?itok=zwzQ2dOS)
Дар шахри Исфара бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара корҳои безараргардонӣ пурзӯр гардида, ҳамаҷониба чораҳои пешгирикунанда андешида шуда истодаанд. Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ мегузароннад.