Ҳавои номусоиди рӯзи 14-уми май. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 13/05/2020 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат 14-уми майи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) ҳавои номусоид дар назар аст. Боронҳои шадид, раъду барқ ва дар баъзе манотиқ боридани жола пешбинӣ мешавад.