Activities calendar

22 майи 2020

Кумакҳои дафтари Швейтсария оид ба рушд ва бахши Каритасс дар Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус

Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва шуъбаи Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон 60 беморхона ва марказҳои саломатии воқеъ дар шаҳри Бохтару Кӯлоб ва 24 ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо 82,000 литр собуни моеъ, 15,000 кг хлор, 14,000 ниқоб ва 2,280 литр маҳлули антисептикӣ таъмин карданд.

Олими тоҷик мегӯяд коронавирус дар 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешавад!

Имрӯз душмани биологии инсоният бо номи COVID – 19 ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки кишвари мо низ аз он истисно нест. Айни замон роҳи асосии пешгирии ин маризӣ усулҳои профилактикии шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошанду халос. Агар мо бидуни таҳлука ин талаботро ҷиддӣ қабул намоем, кафолати солимии худу наздиконамонро таъмин хоҳем кард ва ҳаёти ҳеҷ касро дар хатар нахоҳем гузошт.

Кумаки техникии Ҳукумати Ҷопон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз, 22 – уми май ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои техникӣ ва техникаи муҳандисӣ барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот, ки Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи Ҳукумати Ҷопон харидорӣ кардааст, супурда шуд.  Ин дастгирӣ дар доираи тарҳи чаҳорсолаи «Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва...

CОVID-19: Шифоёфтагон 1008 нафар, фавтидагон 44 нафар

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори касонеро, ки зери назорати табибон қарор доранд, 3253 нафар эълон кард. Дар хабаре, ки ахиран ин ниҳод интишор дод, гуфта мешавад, ки то бегоҳи 21-уми майи соли равон дар мамлакат 3253 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Нигаронии донишмандон аз ҳамагирии оянда дар Сайёра

Табиатшиноси бразилӣ Дэвид Лапола (David Lapola) дар бораи ҷангалҳои Амазон изҳори назар карда ва гуфтааст, ки эҳтимол меравад сарчашмаи ояндаи як ҳамагирии ҷаҳонӣ ҳамин бешазорон шаванд. Сабаби ин пандемия метавонад ҳамлаи инсон ба табиат ва коҳиши масоҳати бешаҳои Амрикои Ҷанубӣ шавад. Дар ин бора ахиран ба нақл аз ин табиатшинос хабаргузории AFP иттило дод.

Поккориҳо дар саросари ҷумҳурӣ: Шаҳри Душанбе

Як тадбири муҳим ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус роҳандозии корҳои поккорӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, иншоотҳои идорӣ, даромадгоҳи манзили зисти сокинон, кӯчаву хиёбону гулгаштҳост. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷиддӣ донистани ин ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвии поксозандаро бо истифода аз таҷҳизоти дар ихтиёрдошта сарфи...

Поккориҳо дар саросари ҷумҳурӣ: СУҒД

Корҳои безарагардонӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд дар ҷараён аст. Гурӯҳи зудамал ба дастаҳо ҷудо шуда, дар​ биноҳои баладошёнаи истиқоматӣ корҳои поккорӣ мегуаронанд. Аз чумла: рӯзи 20 май дар маҳаллаи 12-ум 11 адад бинои 5,6,9 ошёна, ки ҳар кадом аз 1 то 19 даромадгоҳ доранд, (ҷамь 69 даромадгоҳ)...

Вазъ дар ноҳияи Хуросон: Паёмадҳои офати табиӣ қадам ба қадам бартараф мешаванд

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ рӯзи 21-уми май зарари расида ба хоҷагиҳо ва сокинони ноҳияи Хуросон аз борону селҳои шадиди маҳи май ва корҳои то кунун анҷомшударо ба ин тартиб хулоса кард: ба 244 хоҷагии деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ зарари иқтисодӣ расидааз ин 33-хоҷагӣ пурра, 9-хоҷагӣ қисман, ба дохили 181ҳавлии сокинон ва хонаҳои истиқоматии онҳо...