Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ рӯзи 21-уми май зарари расида ба хоҷагиҳо ва сокинони ноҳияи Хуросон аз борону селҳои шадиди маҳи май ва корҳои то кунун анҷомшударо ба ин тартиб хулоса кард: ба 244 хоҷагии деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ зарари иқтисодӣ расида, аз ин 33-хоҷагӣ пурра, 9-хоҷагӣ қисман, ба дохили 181ҳавлии сокинон ва хонаҳои истиқоматии онҳо, иншоотҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ обу лойқа даромадааст. Аз сабаби идомаи фурӯ рехтани ярч 21 нафар сокинон худсарона хонаҳои истиқоматиашонро кандаанд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ аз тарафи қувваю воситаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ 249 нафар ҷалб гардида, аз оғози кор то ба рӯзи 21 май дар ҳудуди деҳаҳои зикршуда 60 хона пурра ва 250 метр роҳи байни кўчаҳо аз обу лойқа тоза карда шуданд.
Бино ба гузориши ҳамкорамон М.Муйдинов дар баробари ин 53 нафар афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф сохтани оқибатҳои ин офати табиӣ ҷалб шудаанд, ки онҳо то рӯзи 21-уми май 18 манзили истиқоматии шаҳрвандонро аз обу лойқа тоза намуданд. Инчунин, нақлиёти эъзомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иборат аз 2 экскаватор, 2 нақлиёти боркаш, 1 адад автогрейдер 75 мошин лойқа кашида, 545 метр заҳбуру заҳкашҳоро тоза карданд.
Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Гулистон дар роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллӣ дошта, то 21 майи соли 2020 бо истифода аз 13 адад техникаҳои роҳсозӣ корҳои бартарафсозӣ гузаронид, ҳаҷми корҳои умумии иҷрошуда 520 метрро ташкил дода, дар километри 21-22 роҳи автомобилгарди Обикийики деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ 400 метри кубӣ сангу шағал кашонида шуд. Инчунин, аз тарафи Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Хуросон бо истифода аз 5 адад нақлиёти боркаш, 1 адад автогрейдер ва 2 адад борбардор дар маҷмӯъ 520 метр роҳ сангфарш карда шуд. Ҳамзамон, бо кӯмаки соҳибкорон бо истифода аз 8 адад нақлиёти боркаш масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуда, бо ҷалби 2 адад борбардор аз хонаҳои истиқоматии зарардидагон лойқа бурун бурда шуд.
Хадамоти муҳофизат аз селҳо бо ҷалби 4 адад экскаватор, 1 борбардор, 2 автокран, 2 нақлиёти боркаш ва 2 автогрейдер корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозии қисмати рахнашудаи шохаи рости Пикет-659 ба масофаи 40 метр, деҳаи Асадулло Неъматулло, канали Хоҷақалъа дар масофаи 200 метр ва заҳбури деҳаи номбурда 70 метрро ба анҷом расонид.
Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон шаҳраки хаймнишинон ташкил гардида, ҳамарӯза ду маротиба бо маҳлули безараргардонӣ поккорӣ шуда, аз ҷониби хадамоти безараргардонии сару либос ва шуъбаи дизенфексияи ноҳия зиёда аз 58 хона ва кӯчаҳои деҳа безарар карда шуданд.
Корҳои бартарафсозӣ дар деҳаҳои зикршуда идома дошта, маълумоти иловагӣ оиди корҳои иҷрогардида пешниҳод мегардад.
Расмҳо аз М.Муйдинов.